Тафсири кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар китоби мазкур меъёрҳои анъанавии қонунгузории оилавӣ ва ҳам меъёрҳои нав дар муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, ки бори нахуст ҷорӣ шудаанд ба таври васеъ шарҳ ёфтаанд. Тавзеи баъзе моддаҳои Кодекси оила таҳлилу қиёси дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҷрибаи судҳои ҷумҳурӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандон марбут ба муносибатҳои оилавӣ, қонунгузории оилавии баъзе кишварҳои хориҷиро дар бар мегирад.