Аз таърихи донишгоҳ


Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳангӣ халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани мутахассисони илмию омўзгорӣ саҳми бузург гузоштааст. Соли 2011 ин кохи маърифати Ҷумҳурӣ 80 сола шуд.


Ин мактаби олӣ соли 1931 таъсис ёфт ва донишкадаи олии агропедагогӣ ном дошт, хатмкунандагони аввалин 36 нафарро ташкил медоданд. Соли 1939 бо қарори Шўрои олии ҶШС Тоҷикистон донишкадаи педагогии шаҳри Сталинобод номи Шевченкоро гирифт. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистони шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷўраев гузошта шуд. Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми аперли 2007 ба Донишгоҳ номи Садриддин Айнӣ гузошта шуд. Ҳоло Донишгоҳ дорои 13 факултет, 48 кафедра, филиал дар дар ноҳияи Рашт, коллеҷи омўзгории Дўшанбе мебошад. Ҳоло дар Донишгоҳ 10047 нафар донишҷўён таҳсил мекунанд, ки аз он 6309 нафар дар шўъбаи рўзона, 3738 нафар дар шўъбаи ғоибона ва ба онҳо 584 нафар профессорону омўзгорон дарс мегўянд.


Китоб ва китобхона дар ҳаёти маънавии инсон нақши бузург дорад. Дар бунёди фонди китобхона шаҳрҳои Москва, Санк-Петербург, Киев, Саратов ва Тошкент саҳм гузоштаанд. Китобхона 8 шўъба дорад: шўъбаи хизматрасонӣ 7000 адад адабиёт, шўъбаи таъмин ва коркарди китоб, феҳристкунонӣ, фонди тиллоӣ, хориҷӣ, матбуоти даврӣ, толори хониш ва таҳхона. Дар фонди дастхатҳо асарҳои Бедил, А. Ҷомӣ, А. Навоӣ, К. Хўҷандӣ, Ҷ. Румӣ. Саъдӣ ва Ҳофиз маҳфузанд. Инчунин асарҳои шоиру нависандагони хориҷӣ: Шиллер, Гётте, Шекспир, Гейне ва дигарон мебошанд.


Фонди умумии китобхона 403920 адад китобро ташкил медиҳад. Ин даргоҳи бонуфузро чунин одамони номдор хатм намудаанд: Лоиқ Шералӣ, Боқи Раҳимзода, Меҳмон Бахтӣ, Қутби Киром, Камол Насрулло, Убайд Раҷаб, Урун Кўҳзод, Кароматулло Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ-адабиётшинос, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин, директори донишкадаи такмили ихтисос – Иноятова Мунира, варзишгар Саидмумин Раҳимов, камонгар Зебуниссо Рустамова ва дигарон.

Шиносои бо шўъбаҳои китобхона ва маълумоти мухтасар дар бораи ҳар як шўъба

Ба ин шўъба китобҳои нав ворид мешаванд. Коркард ва мўҳр монда мешавад ва ба шўъбаҳо тақсим мешаванд. Ба шўъбаи хизматрасонӣ, толори хониш ва китобхонаи электронӣ, ва ба хазинаи китобхона агар автореферат ва дисертатсияҳо бошад ба толори олимон аспирантон ва магистрантҳо дода мешавад.

Латифова Зебунисо Назришоевна
Тел: 907 15 35 76

Ин шўъбаи асоси буда аз он донишҷўён, омўзгорон, аспирантон ва магистрантҳо китобҳои илмӣ, бадеӣ, таълимӣ, сиёсӣ ва ғайраҳо истифода мекунанд.

Атоева Рачабгул Сангиновна
Тел: 988 07 41 14

Ин толор дорои 16 компютер ва 16 ҷои нишаст мебошад. Дар он авторефератҳо ва дисертатсияҳо ҷо карда шудаанд. Ба ин толор асосан олимони ҷавон ва магистрҳо меоянд.

Кодирова Гулчон Хакназаровна
Тел: 919 55 19 92

Ин толор дорои 16 компютер ва дар ду зали толори хониш 94 ҷои нишаст дорад. Ба ин толорҳо донишҷўён омада аз китобҳо ва компютере, ки бо интернет пайваст истифода мебаранд.

Хочаев Файзулло Гурезович
Тел: 93 938 70 16

Дар ин толор маҷаллаю рўзномаҳо, яъне Паёми Донишгоҳ, бонувони Тоҷикистон ва ғайраҳо. Толор дорои 38 ҷои нишаст дорад.

Одинаева Холбиби Халимовна
Тел: 93 431 40 66

Дар ин шуъба китобҳои илмӣ, бадеӣ, таълимӣ, сиёсӣ ва бо забонҳои тоҷики, русӣ ва дигар забонҳо мавҷуданд.

Акбарова Фотима Шоимардоновна
Тел: 93 431 40 66

Ин шўъба нисбатан нав ташкил шудааст. Дар ин шўъба китобҳое, ки камчинанд нусхабардори (сканер) карда мешавад. Ва ба китобхонаи электронӣ ворид карда мешавад. Маводҳои электронӣ зиёда аз 5000 (панҷҳазор) ташкил медиҳад.

Сохиби Саидмурод
Тел: 92 611 64 68